Яго ва Маҳно

Дидгоҳ 16.02.2011 17:05

ё қиссаи аҷиби душмании ду сагча

Abdulfattoh_va_YangoДар бораи он ки хислатҳои зиёди ҷонварон хоси одамизод аст, бисёр мегӯянд. Хислатҳои чӣ бад ва чӣ хуб. Аммо он ки ҷонваре хислати одамӣ дошта бошад, ба нудрат воқеъ мегардад. Хеле аҷиб аст, агар харе кинагир бошад, ва ё саге бахилу ҳасуд.

 Қиссаи Яго ва Маҳноро дӯсти гиромиқадрам Амандурдӣ, ки исмашро аллакай дар "Миллат" дар яке аз матолиби қаблӣ хонда будед, нақлам кардааст. Амандурдӣ як марди шарифи туркман аст, ки солиёни зиёд дар вазоифи баланд кор кардааст. Вале феълан ӯ аз Туркманистон танҳо чизе, ки дорад - ҳасратҳои зиёде дар иштиёқи ватанаш аст. Шомгоҳе яке аз қиссаҳояш он қадар муассир буд, ки ҳамеша дақиқае чанд вақти холӣ меҷӯстам, то он қиссаро рӯи Шаҳриёристон биёварам. Ва он ҳам қиссаи душмании ду саг аст.

Замоне, ки Амандурдӣ дар кишвараш мезистааст, дар назди хонаашон (двор) сагчаи хурдакаке доштаанд. Ин сагчаи сип-сиёҳак худро ягонаи «двор» ва эркаи дарбор дида, ягона коре, ки мекарда  ин будааст, ки ба сӯйи кӯдакон ак- ак карда, онҳоро метарсонидааст. Ва ҳар чизи ифлосу бадбӯйро, ки дар кӯча меёфтааст, ба хона дароварда, хонаҳоро ифлос мекардааст. Аз рӯи ин ҳама бадсиголиҳояш ин сагчаи сиёҳаки хурдакакро Яго мегуфтаанд. Яго қаҳрамони манфии кадом як асари кадом як нависандаи рус будааст.

Рӯзе як зане аз он двор дар истгоҳ будааст, ки сагчаи сап-сафедаки лоғараки гуруснаякро дидааст. Як бурда нон додааст. Ва замоне, ки автобус омадааст, он сагча низ аз паси он зан ба автобус ҷаҳида савор шуда ва ҳамин гуна дар роҳ ҳарчанд он зан он сагчаро рондааст, вале ӯ ҳамоно бо зан то ба он двор омадааст. Ҳамин гуна, он сагчаро ҳам ба двор роҳ додаанд.

Сагчаи нав зуд бо кӯдакон унс гирифтааст, ва аз рӯи хислатҳои некаш ӯро ҳама дӯст доштаанд. Маҳно номаш кардаанд. Ва ҳама ҳамеша ӯро дӯстдорӣ мекардаанд. Ва ин ҳама рашки Ягоро меовардааст.

Амандурдӣ, ҳокии ин нақл гиребон медорад, ва мегӯяд, бовар кардан душвор аст, ки Яго то чӣ андоза ба Маҳно нафрат пайдо кардааст, рашк мекардааст ва ... дар пайи ҷисман нест кардани ӯ шудааст. Ҳар боре, ки нафаре аз двор ҷойе мерафтаасту Яго ва аз паси Яго Маҳно низ медавидаанд, Яго сари роҳи мошингузар то замоне таваққуф мекардааст, ки мошине ояд. Ва ҳамин, ки мошине наздик мешудааст, бо донистани он ки Маҳно аз пасаш хоҳад давид, он гуна аз назди мошин мегузаштааст, ки Маҳнои дунболгири ӯро мошин зер кунад. Ва ин ҳолат чандин бор такрор ёфтааст ва ҳар замоне Маҳно танҳо мӯъҷизавор аз марг зери чархҳои мошин наҷот меёфтааст. Тамоми «двор» барои ин амалаш Ягоро боз ҳам бадтар дидаанд ва дигар ба ӯ хӯрок намедодаанд ва ӯро рондаанд.

Маҳно. Ин сагчаи нозукак аз сагони хонагӣ будааст ва ба бадани ӯ зуд-зуд ҳар гуна ҳашарот часпида, ӯро мариз мекардаанд ва ӯро чандин бор назди пизишк ҳам бурдаанд. Вале рӯзе ахиран аз маризӣ мемирад. Амандурдӣ мегӯяд, мурданаш ҳам зебо буд, охирин рӯзаш аз чашми ҳама канор рафтааст, то ҷонканияшро кӯдакон набинанд ва дар кунҷе оромона мурдааст. Рӯзе, ки Маҳно мурдааст, тамомии двор мотам доштаанд, на танҳо кӯдакон, ҳатто баъзе калонсолон ҳам ашки дидагонашонро натавонистаанд боздоранд.

Яго. Як рӯз, зане, ки Маҳноро оварда буд, тасодуфан дар наздикии кӯчаашон Ягоро мебинад. Дар даруни «лоток». Бо ҷисми пур аз хуну пора-пора шуда. Дар ҳолати ҷонканӣ ва бо азобе шадид. Ягоро мошин зер карда будааст.

Абдулфаттоҳ Шафиев

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97