Аслан «ҷомеъаи бешаҳрванд» мавҷуд нест. Ҳама гуна ҷомеъа аз шаҳрвандон иборат аст ва бе онҳо маъно низ надорад. То пайдоиши давлат ҷомеъаи рушд наёфтаро ҷомеъаи шаҳрвандӣ гуфтан мумкин набуд.
Ва аслан суол ин аст, ки чаро мафҳуми ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар солҳои охир ин қадар забонзада гардид ва дар бисёр маврид масъулин шунидани ин истилоҳро хуш надоранд, вале мебинем, ки бисёр созмонҳои байналмилалӣ барои бунёди ҷомеъаи шаҳрвандӣ маблағҳои зиёд масраф кардаанду мекунанд?
Фаҳмиши ҷомеъаи шахрвандӣ ё маданӣ он аст, ки мардум, ё гурӯҳи бузурги одамон барои қонеъ гардонидани талаботи иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоъӣ дар ҳамбастагӣ талош мекунанд. Ва худи ин таъриф баёнгари он аст, ки чунин як фазои озоду мустақил барои шаҳрвандон аз нишонаҳои сохти демократии давлат мебошад. Дар ин ҷо ду нуқта бисёр муҳим аст, аввал омода будани худи афроди ҷомеъа барои зистан дар чунин муҳит ва дуюм ба вуҷуд овардан ва фароҳам сохтани фазо ва шароит барои фаъолияти созанда ва бунёдкоронаи шаҳрвандон дар кишвар мебошад. Асри нав ва системаи нави давлатдорӣ талаб дорад, ки шаҳрвандони ҳар як кишвар барои беҳдошти ҷомеъа ва пешрафти кишвари хеш талош бикунанд, то тавонанд ба сатҳи зиндагии роҳату бо рифоҳ бирасанд.
Ба назари мо нуқтаи аввал бештар муҳим аст. Зеро бидуни омода набудани шаҳрвандон барои бунёди як фазои озоду мустақил наметавон аз боло бо зӯрӣ мардумро вориди он фазо намуд. Вале мушкилоти дигар он аст, ки агар шаҳрвандон чунин шароиту муҳитеро хостор бошанд ва он барояшон фароҳам набошад, ин бад корест.
Имрӯз кишварҳои Аврупо бо доштани сохтори демократӣ то ҷое фазои ҷомеъаи шаҳрвандиро барои худ фароҳам карданд, аз ҷумла мардум бо баланд бардоштани маърифати шаҳрвандии хеш то ҳадде дар роҳи рушди ҷомеъаҳояшон муваффақ ҳам гардидаанд. Аммо роҳи таърихан тай кардаи мардуми Осиёи марказӣ аз аврупоиён фарқ дорад ва он панҷ сохти ҷамъиятие, ки Маркс муайян кард буд, барои халқҳои Осиёи марказӣ чандон дуруст ва қабул нест. Вале ин ҳам барои сохтани ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар кишварҳои Осиёи марказӣ монеъа нахоҳад шуд. Албатта анъана ва фарҳангу суннатҳои ҳар як миллат дар бунёди ҷомеъаи шаҳрвандӣ таъсирбахш аст ва он хоҳу нохоҳ ба элементҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ табдил хоҳад шуд.
Ҳар як режими сиёсӣ тафаккури мардумро дар қолаби муайян ташаккул медиҳад ва ин ҳамон фарҳанги сиёсии мардум низ мебошад, ки то ҷое фаъолияти шаҳрвандон дар қолаби муайян сурат мегирад. Масалан, дар замони Шӯравӣ ҳеҷ дар тафаккури мардум ҷой намегирифт, ки корҳое чун таъмир намудани роҳ, гузаронидани қубурҳои обгузар ва ғайра аз ҷониби худи онҳо бояд анҷом шавад. Будани ҷомеъаи шаҳрвандӣ маънои онро дорад, ки шаҳрвандон дар ҳаёти ҳаррӯзаи кишвари хеш баҳри обод кардани маҳали зисту рӯзгори худ ҷаҳду талош менамоянд.
Бунёди ҷомеъаи шаҳрвандӣ метавонад як дараҷа кори давлатро сабук намояд ва дар асл ҳам чунин мешавад, зеро худи шаҳрвандон дар ҳаёти кишвар фаъол мешаванд ва ҳалли бисёр масъалаҳоро кору масъулияти худ медонанд ва воқеъан шаҳрвандон аз лиҳози маънавӣ, ҷисмонӣ ва зеҳнӣ барои идораи кишвар омода мегарданд, ки ин албатта ба нафъи ҳар як ҷомеъа мебошад. Мутафаккире ҳам гуфта, ки чӣ қадаре вазифа ва масъулияти давлат камтар бошад, ҳамон қадар он кишвар нирӯманд аст. Андеша кунед, оё давлатҳои Осиёи марказӣ имрӯз вазифаи камтар доранд, ё ҳама кору масъулиятро бар дӯши хеш бор кардаанд? Ва то куҷо дар пиёда кардани масъулияти дошта дар назди шаҳрвандонашон муваффақ шудаанд?
Мутаассифона раванди бунёди ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бо сустиву кундӣ ҷараён дорад, ки ин омил барои рушди иқтисоди кишвар созгор нест. Ва яке аз роҳҳои босамари пешрафти Тоҷикистон ин рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ аст ва бунёди ҷомеъаи шаҳрвандӣ, яъне ба идораи давлат ҷалб сохтани мардум метавонад як муҳити созгор барои рушди минбаъдаи кишвари мо бошад.
Агар имрӯз давлат битавонад нирӯҳои зеҳниву миллатпараст, соҳибназарони огоҳи ҷомеъаро барои расидан ба рушди кишвар ҳадафмандона ва бо ҳавасмандсозӣ истифода намояд, метавон дар ояндаи наздик ба пешрафтҳои чашмгир умед баст, зеро ҳар як миллат бо афроди бедору донишвараш қадаме устувор ба сӯйи пеш, ба сӯйи пешрафту рушду шукуфоӣ мегузорад.
Шӯҳрат Саидов