Чаро мо хоб намеравем?

Дидгоҳ 12.01.2011 16:27

Чаро мо хоб намеравем?

abdufattohБоз ҳам соат дуи шаб ва боз ҳам ман бедор. Дар нисфи шаб одами бедори бекор чӣ кор мекунад? Пайғоми кӯтоҳи телефоние менависам, ки; «Эй мардуми хоболуд, чӣ донед лаззати хомӯшии нисфишабии осмони пурситораро?» ва онро ба 40-50 шиносу ношинос мефиристам. Баъд аз сонияе ғайримунтазира чандин посух мегирам, ки «Ту кадоме аз ин ситораҳоро тамошо дорӣ?»

Ман ба андозае романтик нестам, ки нисфи шаб болои бом бароям ва ё ин ки аз «балкон» дар осмон фаришта ҷӯям, смс- амро аз даруни ҷогаҳ фиристода будам, аммо ҳарф сари ин нест. Ҳарф сари бехобии ману даҳҳо нафари дигар аст. Чаро мо хоб намеравем?

Ақрабаки соат ба сӯи 3 ҳаракат мекунад ва ангуштони ман рӯи телефони мобил шумораеро бармечинад. Мепурсам, ман, ки қаҳва нӯшида будам ва нисфирӯз аз хоб сер шуда будам, аммо ту чаро хоб надорӣ? Мегӯяд, ки дарс тайёр дорад, аммо дурӯғ мегӯяд.  Медонам, ки фикри ин духтар сари чӣ банд аст. Худаш ҳам медонад, ки ман медонам, ки чаро хоб нест… Дӯстам К., телефон мекунад ва мегӯяд, ки ӯ дар андешаи баргардондани қарзи маросими издивоҷаш хоб нест, аммо чаро ман хоб нестам?...

Воқеан, чаро ман хоб нестам? Мӯйсафеди Н.,-ро медонам, ки баъд аз дидани ҷасади писари бистсолааш, ки аз Русия оварда буданд, ҳар нисфи шаб берун мебарояду бо сари хам оҳиста қадам мезанад… Ҷавонписар Ф.-ро медонам, ки навхонадор ҳасту нисфи шаб эҳтиёткорона аз зинаҳои бино пойин мешавад, эҳтиёткорона ба он хотир, ки мабодо касе набинад, ки ӯ ду сатил дар даст барои об меравад… Аз хонаи фалонӣ садои пасти филме меояду беҳмадон нисфи шаб баробари голи Кака дод мезанад… Ҳамсояамон, ҷавонаки навмӯйлабдида ҳам имшаб бедор аст, зеро дар даст билет сӯи Маскав дораду дилаш дар такопӯй, ки аввалин хурӯҷаш аз Душанбе чӣ гуна меанҷомад…

Садои «Камаз» меояд, ки куҷое бор мебараду ронандааш бедор аст, садои «Газел» меояд, ки ронандааш аз нисфишаб сӯи «заправка» барои навбати газ равон аст…

Садои омадани «смс»-и нав дар телефонам баланд мешавад. Мекушояму мехонам: «143». Ин се рақам дар забони Ромеову Лайлиҳои имрӯз изҳори муҳаббатро ифода мекунад. Чаро мо хоб нестем?

Мо барои ишқу барои пул хоб намеравем. Ҷигарбандамонро аз даст додаему хобро фаромӯш кардаем, ҷигари дигареро дар оғӯш дорему хоб ба ёдамон намезанад. Рӯзи дароз мисли хар кор мекунему хобамон мепарад, рӯзи дароз мисли хирс хоб меравему хобамон мегурезад. Барои голи Милан хоб намеравему барои дидори ҳунари Эммануелла… Барои он хоб намеравем, ки як пораи ҷигарамон дар Владивосток аз сармо меларзаду пораи дигари ҷигарамон фардо сӯи теғи скинхедҳои Питер роҳ пеш мегирад…

Мо барои он хоб намеравем, ки дилаки ҷавонаки орзупарварамон ошиқи ошиқ шудан аст. Мо барои он хоб намеравем, ки дар қалбамон оташи ишқ ҷӯш мезанад. Дар қалби ҳамаамон. Ишқи ёр, ишқи «Феррари» (ё ақаллан «Опел»), ишқи доллару сомонӣ, ишқи футбол, ишқи мол, ишқи фарзанд, ишқи Ватан… Ишқ моро намегузорад, ки мижа ба ҳам бизанем ва ин сари бадбахти фалсафазадаро аз коми андешаҳо бурун бикашем.

Ман намехостам, ин навиштаро бо ин суханон ва дар ин ҷо тамом кунам, аммо… хоб дорам. Соат 03 - 45. Хоби хуш!

Абдуфаттоҳ Шафиев

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97