Кишвари асабиҳо ва мутакаббирин!

Дидгоҳ 10.01.2011 12:08
abdufattohВақте абрӯвоне гиреҳ хӯрдааст, лабҳое бурма ва манаҳе овезон аст, пешоние чин бастааст ва дар нигоҳе лутфе дида намешавад, мегӯянд – бо пойи чап аз хоб бедор шудааст. Баъзан, фикр мекунам, ки қариб 90 дарсади мардуми Тоҷикистон ҳар субҳ бо пойи чап аз хоб бедор мешавад. Бо он ки имрӯз дин дар ҳаёти мардум нақши ҳарчӣ бештареро касб мекунад, аксари кулли ин 90 дарсад ҳар субҳ ҳанӯз қабл аз тоҷи сурхи хурӯс ва қабл аз нури сурхи офтоб аз хоб сар боло мекунанд, то дар феҳраси панҷ вақт салоти худ нахустин гомро бигзоранд. Бо пойи чап барои намоз?

Ман ҳеҷ боре ёд надорам, ки субҳ кадоме аз пойҳоямро аввал мебардорам, ҳамчуноне, ки қариб ҳеҷ нафаре аз хонандаҳои ин сатрҳо ба аввалин қадамашон дар рӯз аҳаммият надодаанд (мутмаинам). Аммо ҳар рӯз дағаливу дуруштии чандин нафари асабӣ дар роҳу истгоҳу нақлиёту ҷойи кор дар ёдам нақш мебандад. Мардуме, ки динаш онҳоро ба лутфу меҳрубонӣ даъват мекунад, гузаштаҳои маъруфаш садҳо тон коғазро бо панду насиҳат ранг кардаанд, забонаш моломоли вожаву ибораҳои ширин аст, ҳамеша чин дар ҷабинаш нақш бастааст ва аз даҳонаш кам ҳарфи хуше берун меояд. Пулчинаки автобусу троллейбуси ин мардум (бархе аз онҳо!) фикр мекунад, агар бо дағалӣ аз мусофир роҳкиро пурсад, мусофир аз тарс зуд аз кисааш пул мебарорад. Пулиси (бархе аз онҳо!) ин мардум фикр мекунад, агар бо модари боздоштшуда шинос нашавад, ҷиноят фош намешавад. Раисону вазирону вакилони ин мардум (бархе аз онҳо!) сарфи назар аз бузургии курсиву ниҳод фикр мекунанд, агар ба саломи оне, ки дарашонро тақ-тақ кардааст, “алейк” гӯянд, қадрашон паст мешавад. Ё дар забони онҳо “хидмат” маънои “алейк”-ро дорад? Охир, чӣ ҷои гила, вақте омӯзгоре (бархе аз онҳо!) берун аз дарс даст пеши бар ниҳодани шогирдашро намебинад! Мардуме, ки чӣ пулчинакаш ва чӣ вазираш мутакаббир (бузург!) аст! Мусалмононе, ки фаромӯш кардаанд, ки бузург танҳо Ӯст, посухи салом фарз аз ҷониби Ӯст, такаббур нахустин гуноҳ аст ва дар шиносномаи аввалин мутакаббир исм – Иблис навишта шудааст. Мардуме, ки дар дарси равоншиносӣ (психология) хобашон бурдааст, вагарна медонистанд, ки такаббур ҳам ҷузве аз “комплекс неполноценности” аст, вақте мехоҳем бузургии худро ба дигарон нишон бидиҳем, чун фикр мекунем, ки онҳо низ ҳақирии моро медонанд, моро ҳақир медонанд...

Ҷанобон ва бонувони мухотаб! Чанд калимае аз луғати илтифотҳо медонед, ки қалбҳоеро гарм, дидаҳоеро равшан, гунаҳоеро сурх ва табъҳоеро хуш кардаанд? То чӣ андоза дуруштиву дағалӣ аробаи кору зиндагиатонро пеш кашидааст? Агар кам, пас исми як марди амрикоиеро бо номи Дэйл Карнегӣ “гугл” бикунед.

Такаббур, муомилаи дурушт, асабоният ва ғ. ва ҳ. – ҳамаи ин ҳазор сол қабл ҳам буд ва ҳазор сол баъд низ хоҳад буд. Хуни инсон олуда аст ва онро дигар карда намешавад. Иллаташ ҳам дар беҳад пур будани кисаҳо ва амиқан холӣ будани кисаҳост. Фақр фақирро водор мекунад, ки асабӣ шаваду ба фақири дигаре муомилаи дурушт бикунаду ба фақири саввумӣ нишон бидиҳад, ки ӯ одами “оддӣ” нест. Дорое, ки аз рӯи такаббур нодореро ҳеҷ медонад, низ фақир аст. Фақири маънавӣ.

Дӯстам мегуфт, ки аз самими дил ва бо тамоми ҳунар барои он раисе кор мекунад, ки бо ӯ дӯстона муносибат дорад. На барои оне, ки аз тактикаи “колхозний менеджмент” истифода мебарад. Дӯсти дигарам мегӯяд, талош мекунад, то ба идораҳои давлатие, ки бо қабули мардум сарукор доранд, кораш наафтад. Яке дигар аз дӯстонам нақл мекард, ки ҳар бор ба масъули ношиносе (духтур, гаи, андоз, нотариус, ин рӯйхат дароз аст) салом додаву, табассум кунад, аксаран аз табассуми ӯ ҳайрон мешудаанд ва ё ӯро деҳотиву соддаву аблаҳу тарсу мешуморидаанд.

Хуллас, маризе (д) ҳама, ё айюҳа-л- мутакаббирин ва дуруштиюн! Табассум намекуне (д), ташаккур намегӯе (д), фук чух ва қавоқо гирифтагӣ... Ҳар касе, ки аз ӯ вобастагие надоре (д) ва аз ӯ наметарсе (д), бароятон “ту” аст... Ҳама «крутойи гарени»-ву сар-пар вайрон... ва ноогоҳ аз он ки чунин нигоҳи сиёҳу сафед ба оинаи зиндагӣ ҳаётро берангу талхтар, бадану равонро афгортар, умрро кӯтоҳтар мекунад. Ва ҳамчунин маҳрум аз манзараҳои рангаи 3D-и зиндагӣ...

Абдуфаттоҳ Шафиев

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97