Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

“МегаФон Тоҷикистон” бо кушодани толорҳои нав дар пойтахт ба муштариёни худ боз ҳам наздиктар шуд

Ширкатҳо 06.01.2017 14:49

 Дар толорҳои ширкат доираи пурраи хизматрасониҳо пешкаш мегардад – аз пайвастшавӣ ба шабакаи оператор ва пурра намудани тавозун то танзими таҷҳизотҳои баланди технологӣ. Ин ҷо интихоби васеи нархномаҳои қулайи “Ҳамааш дохил аст” фароҳам оварда шудааст.

  Дар шаҳри Душанбе “МегаФон Тоҷикистон” се толори нави фирмавӣ ифтитоҳ намуд. “МегаФон Тоҷикистон” ба мизоҷони худ ҳаргуна шаклҳои хизматрасониро пешкаш медиҳад – аз “Ҳуҷраи инфиродӣ” то гурӯҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки онҷо ба кормандони ширкат суолҳоро ҳамчунин метавон дод. Илова бар ин, дар толорҳои фирмавӣ бастаҳои қулайро аз силсилаи “Ҳамааш дохил аст”, ки ҳама хизматрасониҳои лозимиро ба монанди Алоқаи овозӣ, Интернет ва СМС-паёмакҳоро дар бар мегирад, барои худ метавон пайваст намуд. Қулайнокии баста дар он мебошад, ки ҳар нафар барои худ бастаи мувофиқро бо ҳаҷм ва арзиши хизматрасониҳо аз “XXS” то “VIP” дарёфт мекунад. “Айни замон “МегаФон Тоҷикистон” миёни операторони Тоҷикистон дорои аз ҳама шабакаи бузурги савдои хусусӣ мебошад: танҳо дар ҳудуди Душанбе 14 толори хизматрасонӣ мавҷуд мебошанд, умуман дар кишварамон бошад – зиёда аз 80 толор фаъолият мекунанд. Миқдори муштариёни мо пайваста меафзояд ва ба қадри имкон баҳри дастрас гардонидани хизматрасонии босифат ба миқдори бештари мизоҷон, мо дар мавзеъҳои барои ташриф қулай толорҳо ифтитоҳ менамоем. Толорҳои нав басо зебо ва васеъ буда боварии комил дорам, ки ба муштариён он ҷо ҳузур доштан дар ҳақиқат ҳам форам хоҳад буд!” – мегӯяд роҳбари раёсати минтақавии ширкат дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.

Барои интихоби таҷҳизот аз рӯйи арзиш ва таъинот, инчунин нархномаҳо ва опсияҳои аз ҳама муфид мушовирон ёрӣ медиҳанд. Маълумоти муфассалро метавонед дар толорҳои алоқа ва дар сомонаи www.megafon.tj ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дарёфт намоед.

Толорҳои фирмавии нав воқеъ бо суроғаҳои зерин:

кӯчаи Убайди Зоконӣ 2 (нишона: чор роҳаи фурӯдгоҳи кӯҳна)

кӯчаи Айнӣ 21/1 (нишона: маркази саломатии №3)

кӯчаиБ.Ғафуров 44 (нишона: 84 мкр)

 Реҷаи корӣ аз соати 08:00 то 18:00 бе рӯзи истироҳатӣ.

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97