Намоиши таъмини алоқаи боэътимоди нерӯи офтобӣ аз суи “МегаФон”

Ширкатҳо 13.12.2016 18:00

Намояндагони ВАУ-и вилояти Суғд бо даъвати ширкати мухобиротии “Мегафон” аз истгоҳи базавии ин ширкат, ки дар асоси нерӯи офтоб барои таъминоти сокинони ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Ашт бо алоқаи боэътимод амал мекунад, боздид карданд.

Мутахассисони департаменти техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ҷараёни фаъолияти истгоҳи базавӣ бо энергияии офтобиро намоиш доданд. Санҷиши алоқа аллакай дар роҳи ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Ашт оғоз ёфт – кормандони шуъбаи техникии ширкат ба рӯзноманигорон сатҳи мавҷ ва фарогирии шабакаро нишон доданд.

Рӯзноманигорон ҳамчунин ба назди яке аз истгоҳҳои базавии “МегаФон”, ки дар деҳаи Бахмали ҷамоати Меҳробод алоқаи боэътимодро таъмин мекунад, ҳозир шуданд. Намояндагони расонаҳои хабарӣ шоҳиди фаъолияти системаҳои таъминоти барқи нерӯи офтобӣ ва бехавф будани ин истгоҳ гардиданд.

«Хеле ҷолиб аст, ки "МегаФон Тоҷикистон" пеш аз ҳама барои дастрас намудани алоқаи боэътимод дар ҳамаи минтақаҳои кишвари азизамон мақсад гузоштааст. Имрӯз ман шоҳиди он гаштам, ки ширкат барои таъмини алоқа дар ноҳияҳои дурдаст технологияҳои инноватсиониро ворид кардааст, ки он ба манфиати сокинон мебошад. Дар давоми сафари худ ба истгоҳи базавии Бахмал, ки дар ҷамоати Меҳробод ноҳияи Ашт воқеъ аст, ман дарёфтам, ки сатҳи сифати алоқа хеле олӣ аст. Истгоҳи базавӣ тариқи нерӯи офтоб амал мекунад, ки барои таъмини алоқа ба муштариёни ширкат хеле муфид аст», гуфт мухбири телевизиони "Танин" Сино ҒАФУРӢ.

Барои намоиши содда ва равшани эътимоднокии таҷҳизот қатъи садамавии таъминоти берунии барқ анҷом дода шуд. Ба шарофати мавҷудияти манбаъҳои захиравии нерӯ истгоҳи базавӣ фаъолияти худро дар сатҳи пешина идома медод. Чунин “захираи устувор”-ро ширкат дар ҳамаи истгоҳҳои базавии худ таъмин менамояд.

“Дар нуқтаҳои хурди аҳолинишин айни замон талабот ба алоқаи мобилӣ чун дар шаҳрҳои калон зиёд аст. Мо шабакаро бо назардошти талаботи мавҷуда рушд медиҳем, бинобар ин анқариб нисфи истгоҳҳои базавии ширкати мо маҳз дар ноҳияҳо насб карда шудаанд. Иштирокчиёни тест-драйв муътақид ба он шуданд, ки мо хидматрасониҳои воқеан баландсифатро пешниҳод менамоем”, изҳор дошт роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон” дар вилояти Суғд Фирдавс ЗЕВАРОВ.

 Фарогирии пурра ва алоқаи боэътимоди “МегаФон”-ро дар минтақа шабакаи бузург таъмин менамояд. Дар нуқтаҳои дурдасттарину куҳистонии аҳолинишин, қобилияти кории истгоҳҳои базавӣ бо ёрии нерӯи офтоб таъмин карда мешавад. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97