“МегаФон Тоҷикистон” пайваста сифати хизматрасониҳои мизоҷонро беҳтар месозад

Ширкатҳо 05.11.2016 15:08

Зиёда за 300 корманд аз тамоми зерсохторҳои ширкати “МегаФон Тоҷикистон” худро ба сифати мушовирони толорҳои хизматрасонӣ озмуданд. Дар давоми рӯзи корӣ онҳо дар толорҳои савдо кор намуданд, ки хусусиятҳои ҳамкориҳоро бо мизоҷон беҳтар фаҳмида вобаста ба рушди хизматрасонии босифат андешаҳо пешниҳод намоянд.

 Ба сифати мушовири толорҳои хизматрасонӣ мутахассисони дараҷаҳо ва ихтисосҳои кории гуногун чанде кор намуданд: иқтисодчиён, муҳандисон, ҳуқуқшиносон, барномасозон ва бешубҳа роҳбарони ширкат низ кор намуданд. Давоми якчанд ҳафта кормандони ширкат барои ба толорҳо ба кор баромадан омодагӣ намуда, нархномаҳо ва хизматгузориҳои “МегаФон Тоҷикистон”-ро дақиқ омӯхтанд, бо моҳиятҳои хизматрасонӣ шинос шуданд, ки барои ҳалли босифати масъалаҳо ва дарёфт намудани пешниҳодҳои беҳтарин барои мизоҷони мо зиёд омӯзанд.

 Вазифаи асосии лоиҳа дар он аст, ки ҳар як корманд дар суҳбати бевосита бо мизоҷ ҳис намояд, ки барои чӣ гуна натиҷа фаъолият менамояд ва шунавад, ки маҳсулоти “МегаФон Тоҷикистон”-ро чӣ гуна баҳо медиҳанд. Ҳар як корманди ширкат новобаста аз вазифа, амалҳо ва хусусият, барои он ҳаракат мекунад, ки мо тавонем хизматгузорӣ ва хизматрасониҳои муосир ва серталабро, ки одамонро воқеан хушбахт месозанд, пешкаш намоем.

 “Аз рӯйи сатҳи қаноатмандии мизоҷон шабакаи савдои мо ҳозир аллакай яке аз беҳтарин шабакаҳо дар бозори телекоммуникатсионии Тоҷикистон ба шумор меравад. Вале ҳамеша шавқу пешниҳодҳои ивазшавандаи сокинонро ба инобат гирифта имконияти чизеро мукаммал намудан мавҷуд аст ва бинобар ин ба ҷараёни хизматрасонӣ назари тоза тақозо гардид. Аммо ин лоиҳа бо сабаби дигар низ муҳим аст. Худи ман дар толор кор намудам, ки дарк намоям ба одамон пеш аз ҳама чӣ муҳим аст. Умед дорам таҷрибаи гирифтаи мо ба “МегаФон Тоҷикистон” барои боз ҳам ба мизоҷон наздиктар шудан кӯмак хоҳад кард”, мегӯяд директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Денис НИКИТИН.

 Дар моҳҳои сентябр ва октябр кормандони ширкат ба толорҳои савдо дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ба кор баромаданд. Мушоҳидаҳо ва пешниҳодҳои иштирокичёни лоиҳа аллакай ба шуъбаи савдои хусусии “МегаФон Тоҷикистон” супорида шудаанд. Натиҷаҳо ба ширкат барои иқдом пеша кардан дар пешниҳоди хизматрасонии сатҳи баланд ба мизоҷон, имкон медиҳанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97