Рақобат барои «Ҷоми дӯстӣ» дар Қурғонтеппа

Ширкатҳо 28.10.2016 10:48

22 октябри соли ҷорӣ кушодашавии мусобиқаи «Ҷоми дӯстӣ» оид ба мини-футбол, аз ҷониби «МегаФон Тоҷикистон» ва «Формулаи комёбӣ» аз сар гирифта шуд. Дар мусобиқа 16 тим аз шумори мизоҷони иттиҳодиявии «МегаФон Тоҷикистон» ширкат меварзанд.

 

«Муштариёни корпоративии кормандони «Мегафон»-ро на танҳо муносибати корӣ алоқаманд мекунад.

Моҳиятан, мо на танҳо ба онҳо хидматрасонии алоқа пешниҳод мекунем, балки барои пеш бурдани тиҷорат ва ташкили бештари самаранокии раванди кори онҳо низ кумак мерасонем. Ин аллакай шарикӣ аст ва бештар муносибати дӯстона. Вохӯрӣ дар майдони футбол имкон медиҳад дӯстии моро бештар кунад, дар ҳолати ғайрирасмӣ бештар фаҳмида мешавад мизоҷони мо ба зиндагӣ чи нисбат доранд ва аз мо чи мехоҳанд», -мегӯяд сардори раёсати минтақаии ширкати «Мегафон» дар вилояти Хатлон, Маҷид Саидҳасанов.

 «Мегафон» солҳои зиёд на танҳо ба чорабиниҳои варзишӣ дар минтақа кумак мекунад, худ низ ҳамчунин иқдом мекунад. Дар мусобиқаи футболи оператор бештар намояндагони гуногуни аҳолӣ иштирок мекунанд. Барномаи иҷтимоии «Оянда аз ту вобаста аст», ба бачаҳои Хонаи кӯдакон ва Хона-интернатҳои саросари Тоҷикистон нигаронида шудааст. Бошандагони калонсоли Хатлон тавонистанд тобистон ва тирамоҳи соли гузашта дар мусобиқаҳои силсилавии футбол, ки аз ҷониби «Мегафон» дар ноҳияҳои Қумсангир, Шаҳритус, Қубодиён, Ҷиликӯл, Ҳамадонӣ, ва Ҷалолиддини Балхӣ ҳамроҳ бо ҳукумат ва шуъбаи кор бо ҷавонон, варзиш ва саёҳии ноҳияҳо ташкил кард, ширкат варзанд. Вале «Ҷоми дӯстӣ», роҳбарон ва кормандони корхонаҳо, ширкатҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои ҳукуматии вилоятро ҷамъ меорад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97