Дафтари нави хидматрасонии «МегаФон Тоҷикистон» дар Ҳисори қадимӣ

Ширкатҳо 20.10.2016 12:09

19 октябри соли 2016 ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар Ҳисор дафтари нави хидматрасонии худро боз кард. Ин дувумин дафтари намояндагии "МегаФон Тоҷикистон" дар ин куҳаншаҳр мебошад.

 Дар ин ҷо муштариён бо роҳатӣ СИМ-корт ва хидматрасониҳои иловагиро дастрас мекунанд. Намояндагии нав дар суроғаи кӯчаи 60-солагии Ҳисор, мағозаи Муслим 20 ҷойгир аст. 

Дар ин намояндагӣ, ки тоза ба фаъолият шуруъ кардааст, муштариёни «МегаФон Тоҷикистон» метавонанд тарифҳои муфид ва опсияҳо барои тамос бо хонавода ва наздикони худро, ки дар хориҷ аз кишвар мебошанд, бо қимати дастрас барои дастгоҳи мобилии худ, аз ҷумла интернети бе сим дастрас карда, ба саволҳои гуногуни худ дар мавриди хидматрасониҳо нав посух бигиранд.

Ҳамчунин иттилои муфассал дар бораи тарифҳо ва хидматрасониҳоро аз сайти ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бо ин суроға http://megafon.tj/ дарёфт кард.

«Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, то тамоми муштариёни мо аз хидматрасонии олӣ баҳравар бошанд. Аз ин рӯ мо ҳамеша намояндагиҳои нав ба нави худро, дар он ҷое ки мардум бештар барои машваратҳои тахасусӣ ниёз доранд, таъсис медиҳем. Ҳисор яке аз шаҳрҳои қадимӣ ва дидании ишварамон мебошад. Таҷрибаи фаъолият дар ин ҷо нишон дод, ки таъсиси намояндагии нав ҳам барои аҳолии маҳаллӣ ва низ барои сайёҳоне, ки аз Қалъаи қадимии Ҳисор дидан мекунанд, зарур аст,мегӯяд роҳбари раёсати минтақаии «МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ Парвиз Давлатов.

 Дар ҳоли ҳозир ширкати «МегаФон Тоҷикистон» яке аз бузургтарин ширкатҳои дорои намояндагиҳои хурд дар ҷумҳурӣ мебошад. Айни ҳол ширкат 80 дафтари хидматрасонии муштариён дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад. Ин имкон медиҳад, ба истилоҳ масъалаҳои «мобили»-ро раҳораҳ ба самти хона ва ё фурушгоҳ ба осонӣ ҳал кард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97