«МегаФон» барои рушди туризм дар Тоҷикистон мусоидат мекунад

Ширкатҳо 27.09.2016 13:46

Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии туризм ширкати «МегаФон» рақамҳои дақиқи соҳаи фарогирии шабакаи мобилиро дар Тоҷикистон эълон кард. Дар ҳоли ҳозир алоқаи мобилӣ барои сокинон ва сайёҳон дар ҳудуде, ки 98% аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, қобили дастрасӣ аст. Сифати баланди алоқаи савтӣ ва интернети мобилии «МегаФон»-ро натиҷаи ду телеком-экспедитсияе, ки дар вилояти Суғд баргузор шуд, тасдиқ кард.

 Яке аз ҳадафҳои баргузории телеком-экспедитсия боло бурдани ҷаззобиятҳои туристии ноҳияҳои баландкуҳи Тоҷикистон буд. Намояндагони ВАУ зимни ин иқдом на танҳо алоқаи мобилии «МегаФон»-ро озмоиш карданд, балки бо ёдгориҳои таърихӣ ва дурнамои иншооти туристии ду минтақа ошно гардиданд. Шаҳри қадимии Саразм, аввалин ёдгории Тоҷикистон, ки мақоми ёдгории ҷаҳонии ЮНЕСКО-ро соҳиб шуд, оромгоҳи Рӯдакӣ дар Панҷакент, қалъаи Ямчун ва чашмаи муқаддаси Биби Фотима, осорхонаи файласуф ва донишманди рӯҳонӣ Мубораки Вахонӣ дар рустои Ямг, маҷмаъаи Будоии асрҳои IV-VII Вранг, чашмаи шифои Гармчашма аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Гузоришу мақолаҳо дар бораи ин ҷозибаҳои таърихӣ ва табиӣ дар шабакаҳои телевизионӣ ва дар саҳифаи матбуоти бонуфуз ва инчунин дар сомонаҳои интернетӣ боиси таваҷҷуҳи бештари сайёҳон ба Тоҷикистон шуд.

Ба ҳар минтақае, ки ширкаткунандагони телеком-экспедитсия мерафтанд, муштариёни «МегаФон» бидуни мушкил метавонистанд бо наздикону дӯстони худ ва ё бо ҳамкорони худ дар тамос бошанд. Ва суръати миёнаи интернети мобилӣҳатто дар роҳҳои куҳӣ ба 7-10 Мбит/с мерасид.

«Барои сайёҳон доштани мавҷудияти алоқаи доимӣ бо хона ва ё намояндаи ширкати хидматрасони туристӣ яке аз талаботи асосӣ мебошад. Барои ҳамин ҳам мавҷудияти шабакаи пешрафтаи алоқаи «МегаФон» дар ҳудуди сукунати 98% аҳолии кишвар, бидуни шак ҷазабаҳои туристии ин минтақаҳоро боло мебарад. Бовар дорам, ки бо шарофати алоқаи босифат зебоиҳои табиати Тоҷикистон, ёдгориҳои беназири таърихиро, ки садҳо ва ҳазорон сол таърих доранд, шумораи бештари меҳмонони Тоҷикистонро ҷалб хоҳад кард», -мегӯяд директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Денис НИКИТИН.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97