«МегаФон Тоҷикистон» сифати баланди алоқаро дар Суғд ба намоиш гузошт

Ширкатҳо 22.09.2016 14:00

Хабарнигорон сифат ва суръати баланди интернети мобилиро дар ноҳияи Исфара озмоиш карданд. Дарозои 50 километрие, ки озмоиши шабака баргузор шуд, кӯчаҳои асосии маркази ноҳия, ҷамоъаҳои деҳоти сераҳолӣ ва ҳудуди осоишгоҳи «Зумрад»-ро фаро мегирифт.

Озмоиши суръати интернет аз маркази шаҳри Исфара оғоз шуд ва то ҷамоаҳои деҳоти Чоркуҳ ва Шӯроб идома кард. Дар тӯли ҳаракат васоити нақлия дар роҳ ва дар истгоҳҳо суръати интиқоли мобилии маълумот аз 10 то 21 Мбит/с-ро ташкил медод. Бо дархости хабарнигорон озмоиши суръат дар ҳудуди осоишгоҳи «Зумрад» низ доир шуд ва «МегаФон» дар ин ҷо низ суръату сифати баланди интернетро ба намоиш гузошт. Бар илваи ин мутахассисони техникии ширкат ба намояндагони ВАУ пойгоҳи асосии иноватсиониро намоиш доданд, ки чи гуна системаи таъмини нируи барқ, нигаҳдории ҳарорат ва таъмини бехатарӣ фаъолият мекунанд. Барои намоиши бештари имкониятҳо, муҳандисони «МегаФон» ба шакли садамавӣ барқи беруниро қатъ намуданд. Вале бо истифода аз манбаъҳои захиравии энергия пойгоҳи асосӣ ба кори худ идома дод ва суръати дастрасӣ ба интернет ҳамчунон мисли пешин 15 Мбит/с боқӣ монд. Чунин «захираи мутмаинро» ширкат дар ҳамаи пойгоҳҳои асосии худ таъмин намудааст.

«Суръати хуби интернети мобилӣ чизи асосие аст, ки барои журналисти муосир ҷиҳати ҷустуҷӯи матлаб ва барои мақола ва ё таҳияи барномаи телевизонӣ зарур аст. Мутахассисони «МегаФон» имкониятҳои бузургеро, ки истифодабарандагони интернети насли севвум дар Исфара, аз ҷумла хабарнигорон, хоханд дошт, ба намоиш гузоштанд. Барои ман ҳамчун журналист бисёр муҳим буд бо технологияе ошно шавам, ки алоқаро миёни инсонҳои ҳазорҳо километр аз ҳам дур таъмин мекунад ва онҳоро ба ҳам васл месозад. Ин беҳтарин тарҳ барои мо, намояндагони ВАУ мебошад», мегӯяд хабарнигори шабакаи телевизонии «Исфара» Набиҷон Худойбердиев.

«Ҳоло талабот ба интернети мобилӣ дар деҳоти камаҳолӣ низ мисли шаҳрҳои бузург аст. Мо шабакаро тавсеъа мебахшем, бо назардошти он ки чи гуна талабот мавҷуд аст, бинобар ин аксари пойгоҳҳои асосии ширкати мо маҳз дар ноҳияҳо сохта шудаанд. Ва суръати миёнаи дастрасӣ ба интернет дар ноҳияҳо 10-21 Мбит/с мебошад. Ширкаткунандагони ин барномаи озмоиш-драйв бовар ҳосил намуданд, ки мо дар воқеъ хидматрасониро бо сифъати аъло анҷом медиҳем», шарҳ медиҳад сардори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон» дар вилояти Суғд Фирдавс Зеваров.

Пӯшиши мутмаин ва алоқаи босифати “МегаФон”-ро дар минтақаҳо шабакаи фарогир таъмин мекунад.

Қисмати аслии пойгоҳҳои асосӣ ба хатҳои алоқаи нурӣ (волоконно-оптическим) васл мебошанд ва ҳаҷми бузурги маълумотро аз муштариён интиқол дода, суръати баланди интиқолро низ таъмин мекунанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97