"Соъатҳои нохӯш бо Tcell"-2

Ширкатҳо 31.10.2012 22:28

Tcell аз мардуми Бадахшон узр нахост, лоақал он ҷо ниругоҳи хурде бисозад

TccelЧанд муддат қабл роҷеъ ба масоили камбуди хидматрасонии ширкатҳои мобилӣ, хусусан ширкати мобилии "Индиго", ё худ "Tcell" мақолае таҳти унвони "Соъатҳои нохуш бо Tcell" - ро навишта будам ва он ҷо аз сифати пасти хидматрасонии ин ширкат ва он шиору овезаҳое, ки забони тоҷикиро ба маърази тамошои мардум бо таври ғалату пур аз иштибоҳ ба намоиш гузошта буд, сухан мерафт.

Дар асл вазифаи аслии ин ширкатҳо хидматрасонии мардум аст, гарчанде ҳамин вазифаашонро низ ба хубӣ анҷом намедиҳанд. Бори дигар мегӯям, агар чи такрор шавад ҳам, зеро қаблан зикр намуда будам, ки ин ширкатҳо на ширкатҳои истеҳсолӣ, балки ширкатҳое мебошанд, ки ба истеъмол сару кор доранд. Ва дар баробари ин ки аз ҳисоби мардум пул ғун мекунанд ва ба иқтисоди мардум зиён ворид мекунанд, инчунин дар масхарасозии забони ин мардум, ки забони тоҷикӣ аст ва мақоми давлатиро низ соҳиб аст, саҳми зиёд доранд. Гувоҳи ин гуфтаҳо ҳамон овезаҳои бузург, ки шояд ҳар ҳарфашон баробари ҳаҷми як одам аст, мебошад. Иллат чист, ки бо вуҷуди ифшо намудани камбудҳо дар ин ширкат, онҳо ба ислоҳ кардан ҳеч саъю талоше надоранд? Гарчанде баъди рӯи коғаз овардани камбудиҳои ин ширкат Агентии зидди инҳисорӣ намедонам чи гуна ҳушдор ё ҷаримае таъин намуд, вале чун пештара ҳамон овезаҳои пур аз ғалат дар макони худ пой барҷо ҳастанд. Магар месазад, ки ҳам аз ҳақи мардуми ин сарзамин пул ҷамъ кард ва боз ба забони ин мардум хиёнат кард? Чаро мо иҷоза медиҳем, ки ҳам ҳақу моламонро рабоянду ҳам забону миллатамонро масхара созанд? Магар фаромӯш сохтанд, ки онҳо дар ҳудуди кишваре ҷой доранд, ки номаш Тоҷикистон аст. Ба гуфти Аллома Иқболи лоҳурӣ;

Войи қавме куштаи тадбири ғайр,

Кори ӯ тахриби худ, таъмири ғайр.

Азбаски бештари чунин ширкатҳо аз рӯи формат ва модули аз дигар давлатҳо ташкил шудаанд ва ҳатто раисону директоронашон ғайри тоҷиканд, шояд аз ин лиҳоз дилашон ба ин мардуму забонашон насӯзад. Чаро ҳамин ширкати "Tcell", ки аз аввалин ширкатҳое мебошад, ки ин ҷо ба кор шуруъ намуд, барои тозагии забон ва сифати хидматрасонии дуруст ҳеч иқдоме накард? Аз он ки чандин забоншиносони варзида дорем, вале боре нашуда, ки ин ширкат, бигзор барои вай маъоши аз 1000 доллар боло бошад, ҷудо нанамуда, то он шиору овезаҳое, ки саросар ғалату таҳтуллафзианд, ислоҳ намояд. Чаро чунин набошад? Дар ҳоле ки барои чанд ҷавон ва ҷавондухтаре, ки фақат сару рӯяшонро чарбу атр пошидан метавонанду халос, чандин доллар маъош таъмин менамояд. Ин манзараро ҳини дохили бинои шинкати "Tcell" шудан метавонед тамошо кунед. Чаро маҳз ин ширкатҳо ҷавондухтарони зеборо интихоб менамоянд? Дар сурате ки шояд бештари онҳо саводи кофӣ надоранд ва аз ҳама бадаш забони тоҷикиро ба хубӣ намедонанд ва корафтодагонро маҷбур месозанд, то ба забони русӣ бо онҳо гуфтугӯ кунанд. Чаро ман бо онҳо маҳз бо забони русӣ гап занам?

Дигар амале, ки боиси нороҳатии шахсан ман аст, ба ташаббус ва саҳмгузории молии ин ширкатҳо баргузор намудани консерту дигар маросимҳои маишӣ мебошад. Ҳанӯз ин салоҳи кор нест. Бо саҳмгузорӣ дар чанд ҷамъомаде ин ҳам, ташкил намудани лотореяю дигар бозиҳо, ки ин ҳам барои кашида гирифтани пули мардум анҷом мешавад, вазифаи ин ширкатҳо тамом нахоҳад шуд.

Хонандаи азиз, худ андеша бикун. Ҳамин ширкати "Tcell", ки анқариб 2 млн. муштарӣ дорад, акнун худ қазоват намо, дар сурати як сомонӣ ворид намудани як муштарӣ дар як рӯз 2 млн. сомонӣ вориди хазинаи ин ширкат мешавад. Ин камтарин ҳисоб аст. Пас чаро касе намепурсад, ки ин қадар пули мардум куҷо хоҳад рафт?

Суоли ман аз ин ширкат ин аст, ки тайи чандин соли фаъолият кадом як кори муҳимеро барои ҷомеъа ба анҷом расонидааст? Магар шояд ҳамин чорабиниҳое, ки ҳамроҳ бо чанд сарояндаву рақосаҳои ҳарҳарӣ ва ин ҳам бо воситаи маблағгузории шумо ширкатҳо дар фаҳшсозии ахлоқи ҷомеъа саҳм мегузоранд. Ҳамин ширкати "Tcell", ки қаблан бо номи "Индиго" буд ва алъон ҳам бештари мардум инро чунин ном мебаранд, аввалин бор дар вилояти Бадахшон ба гуфти худашон ба хидматгузории мардум оғоз намуд. Акнун суоли матраҳ ин аст, ки дар муддати чандин сол ба ғайр аз "хидмати хирсона" барои ин мардум чи хидмати дигареро анҷом дод? Воқеъоти Хоруғ ҳанӯз аз ёдҳо зудуда нашудааст. Вақте ки дар айёми барои мардум сангину душвор аз ин ширкатҳои хидматрасон, ки алоқаашонро қатъ сохта буданд, истифода нашавад, пас дигар барои чи лозиманд? Гарчанде маълум аст, ки ин ширкатҳо тобеъи Хадамоти алоқа мебошанд, вале ба ҳар сурат бояд назди муштариёни худ ҳисобот диҳанд ва сабабу иллати қатъ шудани алоқаро равшан кунанд. Чаро аз муштариёни худ узр напурсанд? Оё инҳоро ҳам сабабашон шояд ҳамон "тири дайду" бошад?

Имрӯз ба ҳама маълум аст, ки мардуми Тоҷикистон, хусусан мардуми куҳистон аз бебарқӣ ранҷ мебаранд. Ва дар шароити Тоҷикистон ба хусус дар куҳистон сохтани ниругоҳҳои хурди обӣ бисёр ба мавқеъ ва муфид аст. Яке аз ҳадафҳои аввалини бунёдгузори сотсиализм ва давлати шӯравӣ Ленин ҳам ин электрофикатсияи ҳоҷагии қишлоқ буд. Зеро ӯ хуб медонист, ки то мардумро бо нируи барқ таъмин насозем, ягон соҳаи дигари ҷамъият пеш нахоҳад рафт. Пешравии дигар соҳот ба электрофикатсия сахт марбут аст. Ҳамин бо шавқу рағбати зиёд ёд намудани намояндагони маъориф аз компютеркунонии мактабҳо, ки талабагонро фиреб мекунанд, ҳам ба қувваи электрикӣ вобаста аст. Ҳама медонанд, ки компютер бо ҳезуму ангишт кор намекунад. Аз ҳамин компютеркунонии мактабҳо, ки солҳо компютерҳо бекор мехобанд, чӣ суд? Чунки дар деҳот аслан қувваи барқ мавҷуд нест. Ба вуҷуди дар ҳама деҳоти куҳистон мавҷуд будани дарёҳои обашон софу зулол, мардум солҳост, ки дар торикистон ба сар мебаранд. Зикри ин нуқта аз он хотир буд, ки дигар ҳамин стансияҳое, ки ин ширкатҳо месозанд ва дигар батарею лавозимоти телефонӣ низ ба қувваи барқ вобастагӣ доранд. Мақсади сухан ин аст, ки бо вуҷуди аз имконияти молии зиёд бархӯрдор будани ин ширкат, ки бештари мардуми Бадахшон муштарии ин ширкатанд, чаро дар сохтани як ниругоҳи хурди обие то ҳол саҳм нагузоштааст? Барои сохтани як ниругоҳи хурд тақрибан аз 200 то 250 ҳазор доллар масраф мешавад. Вақт аст, ки ниҳодҳои марбут ба ин кор чунин ширкатҳоро барои сохтмони иншооти муҳим барои мардум водор бисозанд, ки солҳо барои онҳо хидмат намоянд ва дар осонсозии кори мардум саҳм бигиранд.

Ҷамшеди Қувват
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97