Ширкатҳои мобилӣ барои сохтани ҳукумати электронӣ ёрӣ медиҳанд

Ширкатҳо 16.10.2012 22:10

mobil_shirkatҲамоиши байнулмилалӣ таҳти унвони "Фоидаи фанноварии телефони ҳамроҳ барои тавсеаи ҳукумати электронӣ дар Осиё" рӯзи 25 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард.

Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш тавсеъаи техолногияҳои иртиботӣ ва истифодаи муассир аз ин фанновариҳо дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла дар умури давлатдорӣ ва тасмимгириҳои сиёсӣ унвон мешавад.

Дар ин ҳамоиш беш аз сад нафар аз коршиносони варзидаи арсаи иртиботот, аз Русия, Гурҷистон, Молдов, Филипин, Ҳинд, Куриёи Ҷанубӣ, Қирғизистон ва Афғонистон даъват шудаанд. Баъд аз анҷоми ин нишаст ширкати ин коршиносон дар як семинари дурӯза ва баргузории мизҳои гирд бо ҳузури мақомоти зидахли Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст.

Ҳамчунин, дар ҷараёни ин ҳамоиш коршиносон ва намояндагони ширкатҳои телефони мобил дар кишварҳои ҷаҳон дар мавриди истифода аз фанновариҳои ҷадид ва таҷрибаи андӯхтаи ширкатҳои худ дар ин замина суханронӣ мекунанд.

Ин дувумин нишаст дар мавзӯъи фанновариҳои телефони бесим ва истифодаи муассир аз онҳо дар арсаҳои мухталифи сиёсӣ ва иҷтимоъӣ дар Тоҷикис- тон будааст.

Нишасти аввал дар зимистони соли 2011 доир шуда ва коршиносони арсаи фанноварӣ мегӯянд, ки таъсири ин ҳамоиш бар мафкури ҳукуматдорон ва ҷомеаи мадании кишвар назаррас будааст.

Ассомиддин Атоев, мушовири созмони ғайридавлатии "Ибтикори шаҳрвандии сиёсати интернет ", нақши ин ҳамоишро дар боло бурдани сатҳи ҳамдигарфаҳмӣ миёни мақомот ва ҷомеъаи маданӣ дар заминаи тавсеъаи истифода аз фанновариҳои мухобирот созанда хонд.

Вай тасвиби бархе аз асноди расмӣ, аз ҷумла "Консепсияи тавсеъаи ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон"-ро, барои тавсеъаи фанновариҳои иртиботот дар кишвар муфид арзёбӣ кард. Ӯ мегӯяд: "Ин ҳама хокист, ки дар Тоҷикистон моҳияти ҳукумати электрониро дарк кардаанд ва ҳамоиши имрӯз ба манфиъати тарҳҳое дар ин замина дар Тоҷикистон буда ва ҷойгоҳи Тоҷикистонро чун кишвари калидӣ дар заминаи истифода аз технологияи телефони мобилӣ дар минтақа барқарор мекунад."

Вале ӯ меафзояд, ки бархе аз маҳдудиятҳо барои истифода аз телефони бесим дар Тоҷикистон, аз ҷумла истифодаи телефонҳо дар муассисаҳои омӯзишӣ, бар зарари тарҳҳое дар заминаи тавсеъаи фанновариҳои иртиботот дар кишвар будааст.

Ӯ афзуд: "Ин омил дар Тоҷикистон мунҷар ба талафоти истифода аз технология ва телефонҳои бесим шудааст. Вале хуб мебуд, ки дар ин маврид сатҳи маданияти истифода аз технология, аз ҷумла телефони бесим дар Тоҷикистонро боло мебурданд ва аз ин технология барои омӯзиши фаннии дониш-ҷӯёни макотиб ва донишгоҳҳо истифода мекарданд."

Ин ҳамоиш дар Тоҷикистон дар ҳоле доир мешавад, ки кишвари мо дар миёни кишвар-ҳои мустақилли ҳамсуд дар заминаи истифода аз телефонҳои бесим ҷойгоҳи муҳимме касб кардааст.

Коршиносони арсаи иртиботот мегӯянд, ки шабакаҳои иртиботи бесим бавижа дар манотиқи рустоии Тоҷикистон, ки мардум асосан аз телефонҳои ҳамроҳ истифода мекунанд, тавсеаи чашмгире ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки бештари мардум дар манотиқи рустоии Тоҷикистон ба расонаҳо ва васоили дигари иртиботӣ, назири телефони собит ё хонагӣ, почта, телеграф ва ғайра, ки фаъолияти онҳо дар манотиқи куҳистонӣ ҳазинаи зиёде металабад, дастрасӣ надоранд.

Телефони ҳамроҳ барои бисёре аз рустоиён дар Тоҷикистон, ки пеш аз падид омадани он ҳеч навъ телефони дигареро надида буданд, василае барои дастрасӣ ба расонаҳо ва манобеи иттилоърасонӣ, бавижа сайтҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоъӣ дар интернет, низ ҳаст. Аз сӯйи дигар, Асомиддин Атоев мегӯяд, дар шароити феълӣ, ки шумори зиёде аз мардуми Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, ба сар мебаранд, истифода аз телефони бесим дар интихобот барои давлат ва худи сокинон низ судманд хоҳад буд. Вай афзуд: "Таҷрибаи истифода аз телефони ҳамроҳ дар интихоботи ахири порлумонӣ дар Тоҷикистон то андозае роҳ уфтод. Ва дар оянда телефони бесим метавонад бисёре аз мушкилоти марбут ба интихобот ва ҳозир шудани райъдиҳандагон дар онро ҳал кунад."

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97