«КВД «Талко» муаррифӣ мекунад

Ширкатҳо 29.11.2011 10:45

Talko_muarrifiiҚариб 50 сол боз ин далелҳои муътамад дар бойгонӣ хобида буданд. Ва аксари мардуми шаҳри Турсунзода ҳам намедонист, ки замоне барои обанбори Норак ва сохтмони корхонаи алюминийи тоҷик ( "Талко") ҳамсояҳои мо муқовимати шадид нишон додаанд. Асалан сохтмони НБО-и Норак ба ташкили Маҷмаъи саноатии ҷануби Тоҷикистон ибтидо гузошт.

Бо иқдоми собиқ сарвари Чумҳурии Тоҷикистон Турсун Улҷабоев лоиҳаи НБО-и Норак ба Госплани СССР пешниҳод мешавад. Аммо дар Кремл мухолифини зиёд пайдо кард. Танҳо сафари Никита Хрушёв ба Ҳиндустон, ки дар ин сафар Турсун Улҷабоев ӯро ҳамроҳӣ мекард, гиреҳи Норакро кушод. Турсун Улҷабоев ба Никита Хрущёв мегӯяд, дар натиҷаи сохтани НБО-и Норак барқи Иттиҳоди Шӯравӣ то уқёнуси Ҳинд хоҳад рафт. Ба дунболи сохтмони Норак лоиҳаи бунёди корхонаи калонтарини Осиёи Марказӣ - корхонаи алюминийи тоҷик оғоз шуд.

Talko_muarrifii_02Ин ва боз садҳо далели дигар, рақаму асноди ҷолиб дар китоби "Корхонаи алюминийи тоҷик: дирӯз, имрӯз ва фардо" гирд оварда шуданд. Китоб зери назари номзади илми иқтисодӣ, директори тиҷоратии КВД "Талко" Шералишо Кабиров бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр шудааст. Мураттибон Игор Сатторов, Саёҳат Қодирова ва Ҳабиб Мақбулов дар асоси далелҳои таърихии сохтмони корхона, дастовардҳои имрӯз ва пешомадҳои ояндаи корхонаи калонтарини металлургии кишварро муаррифӣ карданд. Ба ин муносибат дар меҳмонсаройи "Гранд-ҳотел" муарифии китоб ва филми мустанад ба ҳамин ном баргузор гардид.

Talko_muarrifii_03Филм дар доираи васеъи хабарнигорон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта, аз ҷумла аз нуқсонҳои ҷойдошта дар филм ёддоварӣ шуд. Ба ҳар сурат ин филми мустнад барои огоҳии иттилоотии ҳамсояҳои марзӣ, ки чанд сол боз муаммоҳои экологиро тобиши сиёсӣ медиҳанд, маводи пурарзиш мебошад. Филм бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, узбакӣ дар ноҳияҳои марзӣ намоиш дода мешавад.

Зимнан, КВД "Талко" барои ҳифзи муҳити зисти минтақа маблағҳо ва тадбирҳои зиёдеро сарф менамояд. Ҳамзамон ширкат бо роҳи дипломатияи мардумӣ даъвоҳои беасоси ҳамсояҳоро рад менамояд.

Дар филми мустанад ба баҳсҳои экологӣ дар атрофи "Талко" нуқта гузошта шудааст.

Фирдавси Давлат, Шукуфа Ёрбекова

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97