«МЛТ» ҷонибдори амнияти экологӣ!

Ширкатҳо 27.10.2009 18:34
«МЛТ» дар ҳамдастӣ бо Маҳфили созмонҳои иҷтимоии ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон тамоми талошро баҳри он равона месозанд, ки ба ҳангоми амалисозии лоиҳаҳои муҳими ҷамъиятӣ-экологӣ дар кори ташаккули системаи ҳифзи муҳити зист дар минтақаҳои Тоҷикистон ва ташкили шароити муносиб, ҷиҳати кам кардани партовҳои гази гулхонаӣ саҳми беандозаеро ба уҳда дошта бошад.

«Мо ба масоили муҳими ҷамъиятӣ бетафовут буда наметавонем ва аз он чи ки бевосита ба сатҳи ҳаёту ташаккули муҳити зист алоқаманд аст канораҷӯӣ нахоҳем кард. Мехоҳем, ки масъалаҳои хусусияти экологидошта дар сатҳи умумиҷумҳуриявӣ баррасӣ шуда, баъди чунин фаъолияти якҷоя натиҷаи беназиру мусбатро соҳиб гардем. Мақсади асосии тамоми чорабиниҳои экологии «МЛТ» бо Маҳфили созмонҳои иҷтимоии ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон-ин нигоҳдории устувори ҳифзи муҳити зист, оби софи ошомиданӣ ва иқлими мост»,-гуфт Директории генералии ҶСП «ТТ мобайл» Қаюмов Г.А. .



Хадамоти матбуотии ҶСП «ТТ мобайл»
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97