Суръати интернет дар Узбекистон 10 баробар афзоиш меёбад

Хабари хуб 15.11.2018 13:31

Шуруъ аз 1 декабри соли ҷорӣ суръати интернет дар Узбекистон 10 баробар зиёд карда мешавад.

Бино ба гуфтаи кормандони ширакти мухобиротии «Узбектелеком», дар ҳоли ҳозир корҳои техникӣ дар ин росто роҳандозӣ шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури Узбекистон қабл аз ин фармон содир кард, ки нархҳо барои дастрасии шаҳрвандон ба интернет ро коҳиш диҳанд ва суръати онро ҳадди ақалл чаҳор маротиба дар соли ҷорӣ афзоиш дода, то соли 2020 суръати интернет ро то ба сатҳи кишварҳои мустақили муштарак ул манофеъ расонанд.

Пештар низ Вазорати алоқаи Узбекистон дар бораи марҳилаи ниҳойи тарҳи тавсеъаи каналҳои интернетӣ дар ин кишвар хабар дода буд. 

Ҳамин тариқ, Азамат Кароматов хулоса кард, ки то охири соли ҷорӣ тарҳи бузурги дар мавриди баланд бардоштани суръати дастрасӣ ба интернет дар Узбакистон то даҳ баробар амалӣ хоҳад шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97