Аз ҳамаи ҳамсояҳо охир

Millat 16.04.2016 20:25

Ё 14 зина поёнравии Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА

Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии тозаи ФИФА 14 зина поин рафт ва дар ҷойгоҳи 164-ум қарор гирифт.

Тоҷикистон дар раддабандии тозаи ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол), ки рӯзи 7 апрел, нашр шудааст, 14 зина поин шуда ва дар байни 209 кишвар дар ҷойгоҳи 164-ум қарор гирифтааст. Мунтахаби Тоҷикистон 149 имтиёз дорад. Тоҷикистон дар байни 46 дастаи Конфе­дератсияи футболи Осиё мақоми 31-умро касб кардааст.

Мунтахаби Аргентина дар феҳристи нави ФИФА бо 1532 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Белгия (1352 имтиёз) дар ҷойи дувум ва тими Чили (1348 имтиёз) дар ҷойи севум мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландтаринро дар раддабандии ФИФА Украина (22-юм) ва Русия (27-ум) ба даст овардаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ, инчунин дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи охирин қарор дорад. Узбакистон (66), Қирғизистон (100), Қазоқистон (116) ва Туркманистон (128) аз Тоҷикистон боло ҷойгир шудаанд.

 

Ёдовар мешавем, рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар дав­раи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97