Профессори тоҷик: 16 ноябр рӯзи истироҳат эълон шавад

Хабари хуб 15.11.2018 15:16

Профессор Ҷовид Муқим, блогер ва рӯзноманигори шинохтаи Тоҷикистон пешниҳод кард, ба ҷои 1 май, ки аз феҳрасти рӯзҳои истироҳатӣ ҳазф шудааст, 16 ноябр дар кишвар рӯзи истироҳат эълом карда шавад.

Ҷовид Муқим ин пешниҳодро тавассути саҳифаи фейсбукии худ изҳор доштааст. Ӯмегӯяд, моҳи ноябри соли 2016 бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони ин кишвар рӯзи байналмиллалии якдилии меҳнаткашон, яъне 1 май ро аз феҳристи рӯзҳои истироҳатӣ ҳазф кард.

Профессори тоҷик афзуд, ки бинобар кам кардан аз рӯзҳои истироҳатӣ, ягон рӯзи дигар иду истироҳатӣ эълон карда шавад.

Бо зикри ин Ҷовид Муқим пешниҳод намуд, 16 ноябр, ки ҳоло ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёд мешавад, рӯзи ид ва истироҳат эълон карда шавад.

Вай дар хотима тавзеҳ дод: “Зеро дар ҳамин рӯз, соли 1992 ҷаласаи тақдирсозӣ 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, даъвати 12-ум шурӯъ шуд ва дар таърихи кишвар давраи нав оғоз гардид. Ҳамчунин 16 ноябри соли равон Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чархаи аввали НБО “Роғун”-ро ба кор медарорад. Албатта, ин рӯзи таърихӣ, ки Тоҷикистонро аз вартаи камбарқӣ мераҳонад ва истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин менамояд, ид аст. Барои ҳамин ҳам пешниҳод мекунам, ки 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи ид ва истироҳат эълон карда шавад

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97