Муҳлати ҳузури бераводиди шаҳрвандони тоҷик дар Туркия то 90 рӯз тамдид мешавад

Хабари хуб 13.11.2018 10:33

Раҷаб Тайиб Урдуғон раиси ҷумҳури Туркия муҳлати ҳузури бераводиди шаҳрвандони тоҷик дар қаламрави кишварашро 3 баробар, яъне то 90 рӯз ё ба иборати дигар се моҳ тамдид кард.

Бино ба навиштаи рӯзномаи «Resmi Gazete», Раҷаб Тайиб Урдуғон раиси ҷумҳури Туркия фармон дар мавриди то 90 рӯз тамдид кардани ҳузури бераводиди шаҳрвандони тоҷик дар кишварашро рӯзи гузашта 11 ноябр ба имзо расонд.

Ин дар ҳоле аст, ки то ҳол шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи танҳо то 30 рӯз ҳузур дар қаламрави Туркияро бидуни раводид доштанд.

Бар асоси ин фармони Урдуғон, дар баробари шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчунин шаҳрвандони Узбакистон ва Қазоқистон низ метавонанд бидуни раводид ҳудуди то 90 рӯз дар Туркия иқомат кунанд.

Дар назар аст ин фармони раиси ҷумҳури Туркия давоми як ҳафтаи оянда ҳукми қонунӣ пайдо кунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97