Ҷаниш Рустенбеков сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон таъйин мешавад

Хабари хуб 31.10.2018 09:05

Кумитаи муносибатҳои байналхалқӣ, маориф ва амнияти порлумони Қирғизистон ба таъйини Ҷаниш Рустенбеков ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон розигӣ дод. Дар ин бора 30 октябр аз порлумони Қирғизистон хабар доданд.

Номзадии Рустенбековро дар порлумон муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Динора Камолова муаррифӣ кард.

Рустенбеков дар мақоми сафирӣ дар Тоҷикистон Мирослав Ниёзовро иваз мекунад.

Ҷаниш Рустенбекови 69-сола пештар аз ин дар Туркманистон сафир буд.

Ду ҳафта пеш аз таъйини сафири нав дар Тоҷикистон вакилони порлумони Қирғизистон сафорати ин кишварро дар Тоҷикистон ба хотири таваҷҷуҳ накардан ба мушкили марзӣ танқид карданд. "Чунин тасаввур карда мешавад, ки мо дар Тоҷикистон сафир надорем", - гуфтанд бархе аз вакилон.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97