Дар синамобазми "Дидор" 70 филм нишон дода мешавад

Хабари хуб 28.09.2018 14:39

Акс аз бойгонӣДар синамобазми "Дидор", ки аз 16 то 20 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, 70 филмро ба намоиш мегузоранд. Дар ин бора аз кумитаи тадорукоти "Дидор" хабар доданд.

"Ин ҷашнвора аз синамобазмҳои пешина фарқ мекунад. Он ба бузургдошти синамогари барҷастаи тоҷик Тоҳир Собиров бахшида мешавад. Ба ин муносибат ба осори вай мурур карда мешавад", - омадааст дар иттилоияи кумитаи тадорукот.

Ба навиштаи дастандаркорон, ин дафъа синамобазм танҳо бо намоиши филмҳои ҳунарӣ ва тасвирӣ маҳдуд мешавад ва соли оянда баргузор шудани Синамобазми филмҳои мустанади “Дидори ростин”-дар назар аст.

Аз миёни зиёда 100 филми ба унвони Синамобазм воридшуда 70 филм барои барномаҳои гуногуни он интихоб шуданд. Аз онҷумла 9 филм барои Озмуни байналмилалии филмҳои баланд, 12 филм – барои озмуни байналмилалии филмҳои кӯтоҳ. Боқимонда – барои барномаҳои дигар тақсим шуданд.

Дар филмҳои гирдоваришуда таваҷҷӯҳи хоса ба мавзӯи зан, модар бештар аст, зеро ҳамаи вазнинии ҳаводиси ҷаҳонӣ бар дӯши занону модарон аст, навишта шудааст дар иттилоия.

"Тамошобинонро бо тамоми аҳли хонавода, ройгон, ба дидани филмҳои артхауси Синамобазм, ки бори нахуст дар ҷумҳурӣ намоиш дода мешаванд, даъват менамоем", - хабар медиҳад кумитаи тадорукоти "Дидор". 

Расми ифтитоҳи Ҳаштумин Синамобазми Байналмилалии “Дидор” 16 октябри соли 2018 соати 18: 00 дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ барпо мегардад. Намоиши филмҳо дар Маркази синамобазм, кинотеатри “Зебуниссо”, воқеъ дар минтақаи ДОК-и шаҳри Душанбе, хиёбони С. Айнӣ 131 доир мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97