Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Китоби нав: «Афғонистон; чолиш ва таҳдидҳо»

Хабар 08.09.2017 19:50

«Афғонистон; чолиш ва таҳдидҳо», китоби муҳаққиқи тоҷик Саймудин Мирзоев тавассути нашриёти «Ирфон» бо забони русӣ нашр шуд.

Дар ин китоб муаллиф бо шеваи илмӣ ва усули таҳқиқотӣ масоили печидаву мубрам, буҳрон, мушкилоти рӯз ва омилҳои пайдоиши таҳдиду хатар ва хушунату тундагароиро дар кишвари Афғонистон мавриди баррасӣ қарор додааст. Ӯ зимни баррасии масоили зикргардида, сарчашмаи пайдоиш, омилҳои шаклгирӣ ва тавсеа ёфтани ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистиро дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон муаррифӣ ва роҳҳои таъмини амнияти давлатдории миллӣ ва муқовимат алайҳи хамагуна ҳаракатҳои тундрав ва иртиҷоиро нишон додааст.

Китоби мазкур дар шинохти бархурди манфиатҳои бузург ва қудратҳои ҷаҳонӣ, ки дар кишвари Афғонистон саҳми калидӣ доранд, аҳаммияти ҷиддӣ дорад.

Муаллиф дар асоси санадҳои таърихӣ мушикофона сабабҳои аслӣ ва калидии буҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ, амниятӣ ва иқтисодии ҶИА нишон дода, таъкид доштааст, ки ин авомил боиси тақвият ва амиқ шудани таҳдид ва хатарҳои байналмилалии террористӣ гардидааст.

 

 

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97